МЕРОСИ ШАРҚ
“Мероси Шарқ” маҷаллаи илмӣ буда, тибқи санадҳои сабти оморӣ вобаста ба зарурати ҳар чи бештар машғул шудан ба омӯзишу пажӯҳиши улуми ҷамъиятшиносӣ, монанди таърих, забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ таъсис ёфтааст. Роҷеъ ба аҳаммияти масъалаи таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърих, забон ва адабиёти Шарқ дар ҳамбастагӣ бо адабу фарҳанги ин минтақа зарурати таъсиси маҷаллаи илмии фарогири мавзуъҳои ишорашуда ба миён омадааст. Ба ин маънӣ дар як суханронияшон Пешвои миллат дар бораи зарурати маҷаллае бо номи “Забоншиносӣ” чунин фармуда буданд: “Бешубҳа, нашри ин маҷалла барои таҳким ва густариши забони давлатӣ, ки омили болоравии худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.